Тоҷикистон бо 3 медал дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки аз 14-ум то 23-юми ноябр дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ширкати варзишгарони 43 кишвар баргузор шуд, бо касби се медал (як тилло ва ду биринҷӣ) дар зинаи 25-ум ҷойгир шуд.
Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 19 варзишгар (15 мард ва 4 зан) дар 6 намуд — самбо (2 мард), ҷиу-ҷитсу (3 мард ва 1 зан), гӯштини кураш (4 мард), волейболи соҳилӣ (2 мард ва 2 зан), варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ, 1 мард) ва муайтай (3 мард ва 1 зан) намояндагӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар сабқати гӯштини кураш дар вазни беш аз 90 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Икромиддин Аҳмадӣ аз Афғонистон ғолиб омад ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар ин намуд дар вазни то 90 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Медали севумро ба Тоҷикистон Ҷомӣ Латифов овард. Вай дар риштаи муайтай дар вазни 71 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






