Тоҷикистон бо 3 медал дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё

Ноябрь 25, 2014 11:06

Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки аз 14-ум то 23-юми ноябр дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ширкати варзишгарони 43 кишвар баргузор шуд, бо касби се медал (як тилло ва ду биринҷӣ) дар зинаи 25-ум ҷойгир шуд.  
 Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 19 варзишгар (15 мард ва 4 зан) дар 6 намуд — самбо (2 мард), ҷиу-ҷитсу (3 мард ва 1 зан), гӯштини кураш (4 мард), волейболи соҳилӣ (2 мард ва 2 зан), варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ, 1 мард) ва муайтай (3 мард ва 1 зан) намояндагӣ карданд.
 Ёдовар мешавем, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар сабқати гӯштини кураш дар вазни беш аз 90 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Икромиддин Аҳмадӣ аз Афғонистон ғолиб омад ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар ин намуд дар вазни то 90 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Медали севумро ба Тоҷикистон Ҷомӣ Латифов овард. Вай дар риштаи муайтай дар вазни 71 кг соҳиби  медали биринҷӣ гардид. 
 
 

Ноябрь 25, 2014 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид