Тоҷикистон: пешбурди сиёсати мутақобилан судманд
Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирӯз, 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз зӯҳр аз сафирони нави фавқулода ва мухтори 9 давлат эътимоднома қабул намуд. Аз ҷумла ба Президенти Тоҷикистон сафирони Шоҳигарии Нидерланд-Дриссер Генри Юберро, Ҷумҳурии Ирландия-Оун О’Лири, Ҷумҳурии Эстония-Яан Рейнхолд, Босния ва Герсеговина-Эдиб Буквич, Молдова-Андрей Галбур, Малайзия-Дато Норъайнӣ, Давлати Исроил-Кармела Шамир, Канада-Шон Стайл ва Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла-Аменутип Замрану эътимодномаҳои худро тақдим намуда, расман ба фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон шуруъ намуданд.Пас аз супоридани эътимоднома сафирони мазкур ақидаҳояшонро ба хабарнигорон аз ин маросим баён дошта, тазаккур доданд, ки барои таҳкими муносиботи дуҷониба ва рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф, бахусус иқтисодӣ, амният ва энергетика саъй хоҳанд кард. Сафири тозатаъйини Шоҳигарии Нидерланд гуфт, ки мо бо Сарвари Давлати Тоҷикистон пас аз маросими супоридани эътимоднома масоили мавриди таваҷҷуҳ, бахусус дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ ва амниятиро баррасӣ намудем. Ҷониби кишвари мо омода аст, ки бо Тоҷикистон муносиботи хуби ҳасанаро дар бахшҳои барои ҳарду давлат манфиатовар ба роҳ монад. Оун О’Лири, сафири Ҷумҳурии Ирландия муътақид бар он аст, ки Ирландия ва Тоҷикистон кишварҳои ҷавон ҳастанд ва ҳоло иқтидор ва имконоти ҳамкориҳои ин ду кишвар дар бахшҳои гуногун бисёранд. Ӯ зикр дошт, ки ба ҳайси сафири Ирландия кӯшиш менамояд, ки иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкориҳоро самаранок ба манфиати ҳарду давлат истифода ва татбиқ намояд.Дипломати эстонӣ Яан Рейнхолд афзуд, ки муносиботи Эстония бо Тоҷикистон тамоюли рушд дошта, минбаъд низ дар бахшҳои гуногун, бахусус маориф ва туризм густариш хоҳанд ёфт.Сафири нави Босния ва Герсеговина Эдиб Буквич баён дошт, ки иқтидори ҳамкориҳо миёни Босния ва Герсеговинаю Тоҷикистон бисёранд ва мо талош хоҳем кард, то ин ҳамкориҳо боз ҳам бештар рушд кунанд.Андрей Галбур, дипломати молдовӣ тазаккур дод, ки робитаҳои Молдова ва Тоҷикистон решаҳои таърихӣ дошта, дар сатҳи зарурӣ рушд мекунанд. «Ман ба ҳайси сафири нави Молдова дар Тоҷикистон талош ба он мекунам, ки робитаҳои анъанавии мо ба манфиатҳои давлату халқҳоямон рушд кунанд», — изҳор дошт А. Галбур. Сафири Малайзия дар Тоҷикистон Дато Норъайнӣ гуфт, ки муносиботи дуҷонибаи Малайзия ва Тоҷикистон тамоюли рушд доранд. Ин ҳамкориҳо, бахусус дар бахшҳои маориф ва туризм густариши бисёрҷанба ёфтаанд. Шон Стайл, сафири тозатаъйини Канада таъкид дошт, ки иқтидори ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Канада зиёданд ва мо бо назардошти имконот онҳоро ба манфиати давлатҳоямон истифода мебарем.Дипломати баландпояи Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Аменутип Замрану изҳор дошт, ки ман ба ҳайси сафири кишвари худ талош меварзам, то иқтидор ва имконоти мавҷудаи ҳамкориҳоро самаранок ба манфиати давлатҳоямон истифода кунем.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






