Тоҷикистон — Туркия : муомилоти мол меафзояд
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Охири ҳафтаи гузашта вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар шаҳри Душанбе бо раиси гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии «Туркия — Тоҷикистон» Мустафо Қабақчӣ мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки соли гузашта муомилоти савдои хориҷии байни ҳар ду кишвар 650 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ муомилоти моли байни Тоҷикистону Туркия баробари 456 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА буд.
Мувофиқи суханони манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳатҳои мухталифи ҳамкории иқтисодӣ ва рушди муомилоти хориҷии байни ҳар ду кишвар, доир намудани ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ташкили ярмаркаю ҷаласаҳои соҳибкорон ва аҳли тиҷорати аҳли кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






