Тоҷикистонро ҳафтаи боронгарӣ интизор аст
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Тавре ки аз Хадамоти ҳавосанҷии Тоҷикистон ба АМИТ Ховар» хабар доданд, имрӯз, 3 ноябр, ҳавои кишвар абролуд буда, ҳарорати ҳаво 9 — 11 дараҷа гарм мешавад.
Бегоҳии ҳамин рӯз боришот хотима ёфта, ҳаво 6- 7 дараҷа гарм мешавад.
Шабонарӯзи 4 ноябр ҳаво каме абролуд шуда, бориш намешавад, ҳарорати ҳаво 12 — 14 дараҷаро ташкил медиҳад.
5 ноябр ҳаво абролуд шуда, боришот дар эҳтимол аст. Ҳарорати ҳаво 12 — 14 дараҷа гарм мешавад.
6 ва 7 ноябр дар ҳамаи манотиқи кишвар боришот ва дар баъзе ҷойҳо сахт борон шуда, ҳарорати ҳаво 11 дараҷа гарм мешавад.
4 ноябр ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 15 — 17 дараҷа, вилояти Суғд 9 — 11 дараҷа, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 — 18 дараҷа, дар ғарби ВМКБ 9 — 11 дараҷа, дар шарқи ВМКБ 5 — 7 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе 15 — 17 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






