Тоҷикистону Португалия хостори таъсиси гурӯҳи дӯстии парлумонӣ
Душанбе, 19.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тавсеаи равобити парлумонии Тоҷикистону Португалия дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Матуш Марио Годинъо-де — Сафири фавқулода ва мухтори Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Шукурҷон Зуҳуров ба дипломати португалӣ дар бораи фаъолият ва таърихи таъсиси парлумони касбии мамлакат маълумот дода, ташкили парлумони дупалатагиро аз дастовардҳои муҳими сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Мавсуф гуфт, ки парлумони касбии Тоҷикистон солҳои охир ҳамкориро бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, дар ин замина гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъсис додааст. «Мо, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- омодаем бо Парлумони Португалия гурӯҳҳои дӯстиро таъсис диҳем. Дар ин росто, тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Португалия низ барои истифода аз таҷрибаи касб кардаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо мусоидат менамояд. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид кард, ки сафарҳои ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон барои ширкат варзидан дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламунии АвруОсиё, Парлумони Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои ғанӣ гардидани таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои гуногуни ин кишвару созмонҳо мусоидат намуданд. Сафири фавқулода ва мухтори Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Матуш Марио Годинъо де- низ тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро омили асосии фароҳам омадани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими равобити байниҳамдигарӣ дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






