Тоҷикистону Туркия: дастовардҳо зиёданд

Ноябрь 14, 2014 16:58

Душанбе, 14.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 14 ноябри соли 2014 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Туркия Мустафо Кабакҷӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯ баргузор гардид.
Зимни суҳбат масоили густариши ҳамкориҳои сиёсию парлумонӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва илмию фарҳангии байни ду кишвар, ҳамчунин мушкилоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки дар ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия дастовардҳо зиёданд. Дар таҳкими ин ҳамкориҳои созанда парлумонҳои ҳарду ду кишвар нақши муҳим доранд.
Мустафо Кабакҷӣ алоқамандии зиёди бахши хусусӣ ва марказҳои илмию саноатии кишвараш, бахусус вилояти Қунияро, ки бо кишвари мо робитаи зич дорад, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гидроэнергетика, маорифу фарҳанг, нақлиёт ва сармоягузорӣ таъкид кард.
Дар мулоқот ҳамчунин дар атрофи дигар масоили ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.
 

Ноябрь 14, 2014 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд