Толеи баланди Шаҳзод

Ноябрь 17, 2014 10:29

Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Як нафар сокини деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, ки солҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт, дар бозии Лото Спорт- «Пули Калон» бурди аз ҳама олиро ба маблағи 300 000 сомонӣ ба даст овард. Ин толеъбаланд Шаҳзод Шарофов аст, ки солҳо боз орзуи дар шаҳри Душанбе харидани хонаро дошт ва инак дар Душанбе  соҳиби хона хоҳад шуд. 
Тавре ки дар конфронси матбуотӣ роҳбарияти ширкати Лото Спорт арз карданд, барои таъмини бехатарии ҷоизадор ҳамаи тадбирҳо андешида шудаанд ва дар давоми даҳ соли фаъолияти Лото Спорт ин аввалин бурди калон буда, дар маҷмӯъ дар давоми 10 сол шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар бозии Лото Спорт 114 миллион сомонӣ бурд ба даст овардаанд. 
 

Ноябрь 17, 2014 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд