У.Ҳабибуллоев роҳбари Созмони «Содействие» интихоб шуд
Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар Сочи Умед Ҳабибуллоев дар машварати Созмони ҷамъиятии мададгори рушди фарҳанги халқҳои Осиёи Марказии «Содействие» — и кишвари Краснодар (СҶКК) иштирок намуд.
Тавре ки котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод, иштирокдорони машварат кори дар соли 2014 иҷрошуда ва масоили вазъи муҳоҷират дар кишвари Краснодарро муҳокима намуданд.
Дар машварат Умед Ҳабибуллоев роҳбари шуъбаи СҶКК «Содействие» дар шаҳри Сочи интихоб гардид. Тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳрҳои Ставропол ва Ростов намояндагиҳои созмони мазкури ҷамъиятӣ ифтитоҳ карда шавад.
Корманди намояндагӣ ҳинни сафараш ба шаҳри Сочи бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон чандин вохӯриҳо анҷом дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






