Утоқҳои корӣ барои нозирони минтақавӣ

Ноябрь 10, 2014 11:41

Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар шаҳри Конибодом Рӯзи милитсия ботантана таҷлил гардида, зимни ҷамъомади идона аз заҳматҳои пайвастаи мақомоти милитсияи шаҳр ёдоварӣ шуд.Дар ҷамъомад ба кормандони беҳтарин, собиқадорони соҳа, оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифа ҳалок гардидаанд, туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд бахшида ба рӯзи милитсияи тоҷик дар ҷамоати деҳоти Ҳамробоев утоқи кории минтақавӣ барои кормандони милитсия ба истифода дода шуд. Ин нуқтаи минтақавӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, яке дар ҷамоати Ҳамробоев ва нуқтаи дигар дар ҳудуди шаҳраки Ҷавонон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дорои тамоми шароитҳои корӣ мебошад.Мавриди зикр аст, ки дар маросими тантанавии баистифодадиҳии ин ду нуқтаи хизматрасонии кормандони милитсия муовини раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов, вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода, муовини аввали раиси шаҳр А. Холматов иштирок ва сухан гуфта, баистифодадиҳии нуқтаи минтақавии ШВКД-ро туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик арзёбӣ намуданд.

Ноябрь 10, 2014 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик