Ваҳдат оқибатҳои зилзиларо бартараф мекунад
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова ).- Аз он рӯзи зилзилаи сахттаринро ҳис кардани сокинони Ваҳдат ва мавзеъҳои назди он расо як сол сипарӣ шуд. Ҳоло дар Ваҳдат ва мавзеъҳои назди он биноҳои аз таъсири зилзила харобшуда барқарор намуда, биноҳои нави истиқоматӣ ва мактабу нуқтаҳои тиббӣ бунёд карда мешаванд.
12 ноябр маросими расман мавриди истифода қарор додани нуқтаи нави тиббии сокинони шаҳраки Арбобдара, ки бар асари зилзилаи соли 2013 аз ҳама бештар зарар дида буд, баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи нуқтаи нави тиббӣ президенти ширкати «Samsung ElectronicsCentral Eurasia» ҷаноби Син Сик Чой ширкат дошт. Дар ин маросим намояндагони баландпояи мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Ваҳдат, аз ҷумла намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ дар шаҳри Ваҳдат, муассисаҳои тиббӣ ва сокинони сершумор ҳузур доштанд.
Ба гуфтаи ҳамоҳангсози Лоиҳаи таҷдиди нуқтаи тиббии шаҳраки Арбобдара Малика Бобоҷонова, сохтмони нуқтаи нави тиббӣ ба туфайли дастгирии ширкати «Samsung ElectronicsCentral Eurasia» — ширкати калони байналмилалӣ, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон фаъолият дорад, имконпазир гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






