Вакилон ба Буҷети соли 2014 илова ворид мекунанд
Душанбе, 24.11. 2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ваиклони палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ояндаи наздик ба ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» илова ворид менамоянд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯро, ки 24 ноябр дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», инчунин Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии /НБО/-и Қайроққум», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи /ШСХК/ «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум»-ро муҳокима намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






