Вакилони тоҷик ба Минск рафтанд
Душанбе,10.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ду нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -Нурулло Оқилзода ва Зиёратшо Саъдулло ба Беларус рафт. Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ, ки таҳти унвони “Равандҳои интихоботӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”рӯзҳои 11-12 ноябр дар Минск доир мегардад, ширкат меварзанд.
Аз Парлумони кишвар ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки дар конфронси байналмилалӣ вакилони парлумонҳо ва намояндагони комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсии ИДМ, инчунин коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба низоми интихоботии ИДМ ва соири масъалаҳои марбут ба раванди интихобот дар фазои ИДМ-ро матраҳ хоҳанд кард. Конфронси мазкур бо ибтикори Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






