Ваколатҳои ду вакили шаҳрӣ пеш аз муҳлат қатъ мешавад
Душанбе, 13.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 21 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум баргузор мегардад. Дар иртибот ба ин раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба имзо расонд.
Интизор меравад, ки дар иҷлосия дар назди вакилони шаҳрӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев доир ба омодагии сохторҳо ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 гузориш хоҳад дод.
Ҳамзамон дар иҷлосияи шаҳрӣ ваколати ду вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 12 ва 29 пеш аз муҳлат қатъ гардонида мешавад. Инчунин дар иҷлосия маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии потйхат матраҳ гардида, вакилони шаҳрӣ як силсила қарорҳои раиси шаҳри Душанберо тасдиқ хоҳанд кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






