Вохӯрӣ бо корфармоёни Санкт-Петербург
Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- -Тавре ки хабар додем, 8 ноябри соли 2014 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корфармоён- намояндагони ширкатҳои шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҶТ дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳри Санкт-Петербург буд. Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи вазорат, дар вохӯрии мазкур, инчунин субъектҳои хоҷагидоре, ки ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғуланд, иштирок доштанд. Дар ҷараёни мулоқот шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар Федератсияи Русия кор карданро доранд, анкета ва саволномаҳоро пур намуда, ба намояндагони шаҳри Санкт-Петербург пешниҳод намуданд. Бояд зикр намуд, ки ин аввалин мулоқоти бевоситаи корфармоёни шаҳри Санкт-Петербург бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон буда, дар он зиёда аз 200 нафар шаҳрванд иштирок дошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






