Вохӯрии корфармоёни Санкт- Петербург дар Душанбе
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре қаблан иттилоъ додем, пагоҳ 8 ноябри соли 2014 аз соати 11:00 то 14:00 дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ вохӯрии корфармоён- намояндагони ширкатҳои шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи вазорати мазкур мақсад аз мулоқот бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои Санкт-Петербург мебошад.
Ҳамаи хоҳишмандоне ки мехоҳанд дар ин мулоқот ширкат варзанд ва ё дар шаҳри Санкт-Петербург ҷои кор дарёфт намоянд, метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






