Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Зеландияи Нав
Душанбе, 17.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 17 ноябри соли 2014 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Зеландияи Нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамиш Купер баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва фаъол намудани робитаҳои Тоҷикистону Зеландияи Навро дар соҳаҳои савдо, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва тандурустӣ баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯбаи СММ, вазъи Афғонистон ва мусоидати минбаъда ҷиҳати эҳёи иқтисодиёти ин кишвар табодули назари судманд сурат гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






