Вохӯрии Рамазон Раҳимзода дар Коллеҷи милитсия
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳафтаи сипаригардида вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар толори Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо курсантони Коллеҷи милитсия ва ятимони Академияи ВКД вохӯрӣ доир намуд.
Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки курсантони Коллеҷи милитсия аввалин шогирдон ва таҳсилкунандагони ин даргоҳи илм ва интихобкардаи пайроҳаи падарон мебошанд, ки дар сафи мақомот ва дар назди давлату миллати хеш вазифаи муқаддаси худро бошарафона адо менамоянд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.
Бояд зикр намуд, ки Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис дода шуда, дар айни замон дар он зиёда аз 100 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Муддати таҳсил дар коллеҷ чорсола буда, дар он асосан фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, инчунин оилаҳои бесаробон монда ва ятимон таҳсил мекунанд. Хатмкунандагон баъди хатми коллеҷ метавонанд дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таҳсилашонро идома диҳанд ва ё дар сафи мақомот ба кор қабул гарданд.
Барои Коллеҷи мазкур дар муҳлати кӯтоҳ бинои замонавии муҷҷаҳаз бо шароити хуби таълимӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дорои имкониятҳои хуби хизматрасонӣ мебошад. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар робита ба ин ба масъулини соҳа супориш дод, ки дар бинои Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб барои вохӯрии курсантон бо хешу пайвандонашон ҳуҷраи алоҳида бунёд шавад.
Дар хотимаи ҷамъомад ба муносибати ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ ба курсантон аз номи Сарвари Давлат туҳфаҳои молӣ тақдим шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






