Вохӯрии С.Аслов бо К.Соноура
Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 12 ноябри соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноура баргузор гардид.Зимни суҳбат ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳо ва сатҳи баланди эътимоду шарикӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои густариши робитаҳои Тоҷикистону Япония дар соҳаҳои мухталиф ва роҳҳои фаъол намудани хамкориҳои байнисоҳавӣ ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Кумакҳои Япония дар татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва нақши созандаи ин кишвар дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ баланд арзёбӣ карда шуд.Зимни суҳбат ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъмини рушди босуботи Осиёи Марказӣ, вазъи Афғонистон ва расонидани кумакҳои минбаъда дар ҷиҳати эҳёи иқтисодиёти ин кишвар табодули назари судманд сурат гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






