Вохӯрии самарабахш оид ба ҳамкориҳои рушд

Ноябрь 17, 2014 16:46

Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Чанде қабл дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот баргузор гардид. 
Дар раванди вохӯрӣ масъалаҳои амалигардонии лоиҳаҳои  Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои рушд (ЮСАИД) дар соҳаи кишоварзӣ ва нақшаҳои афзалиятноки минбаъда ҷиҳати рушди бахши амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи ислоҳоти замин ва барномаи низоми обёрии заминҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Инчунин вазири кишоварзӣ Қ.Роҳбар зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии асосии пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ  мебошад, ки дар ин замина Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд «Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»-ро мавриди амал қарор додааст. Ҳамзамон баҳри амалигардонии қадамҳои аввалини барнома 5 ҳадафи асосӣ муайян шудааст.
  Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии хешро баҳри рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ  иброз намуданд.
 

Ноябрь 17, 2014 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд