Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Гинэк Кмоничек

Ноябрь 4, 2014 17:17

Душанбе, 4.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 4 ноябри соли 2014 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо мудири департаменти робитаҳои хориҷии конселярияи Президенти Ҷумҳурии Чех Кмоничек баргузор гардид. Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Чех дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гинэк Пэйха низ ҳузур дошт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши робитаҳои Тоҷикистону Чехия дар соҳаҳои мухталиф, масъалаҳои таҳкиму тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷараёни омодагиҳо ба боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Чех аз Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин дар атрофи масоили амнияти минтақавӣ, ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва вазъи Афғонистон табодули назари судманд сурат гирифт.
 
 
 

Ноябрь 4, 2014 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад