Я. Рейнхолд: «Равобити доираҳои соҳибкориро густариш медиҳем»
Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Бароям мояи ифтихор аст, ки имрӯз ҳамчун сафири фавқулода ва мухтори Эстония эътимодномаи худро ба Президенти Тоҷикистон супоридам. Пеш аз ҳама мехостам зикр намоям, ки муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эстония рӯ ба рушд доранд», гуфт ба хабарнигорон 18 ноябр пас аз анҷоми супоридани эътимоднома сафири нави Эстония дар Тоҷикистон Яан Рейнхолд. Вай муътақид бар он аст, ки тӯли солҳои охир табодули сафарҳо дар сатҳҳои мухталиф байни ҳарду кишвар ҷараён дошта, сафари расмии Сарвазири Эстония ба Тоҷикистон дар соли гузашта як марҳилаи наве буда, дар таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистону Эстония такони тоза бахшид. «Изҳороти аввалини ман ҳамчун сафири фавқулода ва мухтори Эстония дар Тоҷикистон ин аст, ки таъмини рушду густариши ҳамкориҳо байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳо хоҳад буд. Ба назари ман барои тақвият ва таъмини рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эстония имкониятҳои бузург ва иқтидори фарох мавҷуд аст. На танҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф, балки дар он соҳаҳое, ки муҳтарам Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот таъкид доштанд, алалхусус дар соҳаҳои неруи барқ ва истеҳсоли он имконот зиёд аст», — илова намуд сафир.Дипломати эстонӣ гуфт, тавре ки мусаллам аст, дар Эстония хизматрасониҳои электронӣ хеле рушд кардаанд ва мутмаинам, ки ин соҳа яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо хоҳад буд. Инчунин ҳамкориҳоро дар соҳаҳои фарҳангу маориф густариш хоҳем бахшид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






