Ёқути пурарзиштарини ҷаҳон ба савдо рафт
Душанбе,14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дирӯз дар яке аз хона-музоядаҳои Швейтсария ёқути пурарзиштарини ҷаҳон ба савдо рафт. Мутахассисони соҳаи маъданҳои қиматбаҳо санги гаронбаҳоро «Подшаҳи хубони Осиё» унвон додаанд. Бояд гуфт, ки вазни он 400 граммро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки «Подшаҳи хубони Осиё»-ро бар ивази пардохти 18 миллион доллар харидаанд. Ном ва насаби харидор пинҳон дошта мешавад. Дар музояда 600 нафар аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат дошт.
Душанбе,14.11.2014. (АМИТ «Ховар».- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си нозирони байналмилалӣ оид ба назорати фаъолияти бонкҳо панҷ муассисаи молиявии бузурги ҷаҳонро бо ҷурми амалҳои қаллобӣ дар ҳаҷми 3,4 миллиард доллар ҷарима намуданд. Гуфта мешавад, ки дар рӯйхати бонкҳои мазкур бонки «Ю-Би-Эс», «Эйч-Эс-Би-Си», «Роял банк оф Скотланд», «Сити групп» ва «Ҷи-Пи-Морган»-ро шомил намуданд.
Душанбе,14.11.2014. (АМИТ «Ховар».- Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Италия ҳукуматдорони Италия тасмим доранд, ки кумаки молиявии худро барои ҷилавгирӣ аз табларзаи «Эбола» дар Африқои Ғарбӣ то соли 2015 идома диҳанд. Ва низ гуфта мешавад, ки барои ин кор иловатан 6 миллион евро ҷудо шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки Хукумати Италия аз оғози хуруҷи ин бемории хатарнок дар Африқои Ғарбӣ барои мубориза бо он 7,6 миллион евро ҷудо кардааст.
Душанбе,14.11.2014. (АМИТ «Ховар».- Дастаи мунтахаби занонаи Олмон оид ба теннис дар Ҷоми Федератсия бори нахуст аз соли 1992-юм ҳунарнамоӣ намуд. Рақобат барои ба даст овардани ҷоиза миёни Андрея Петкович ва ҳамдастагони ӯ бо намояндагони Чехия сурат гирифт. Гуфта мешавад, ки дастаи мунтахаби Чехия умедвор аст, ки ин ҷоизаро маротибаи 3-юм низ дар тӯли 4 соли охир ба даст орад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






