Ёддошти тафоҳум миёни Душанбе ва Санкт-Петербург
Душанбе, 8.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати Санкт-Петербург дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Ин санадро раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва губернатори Санкт-Петурбург Георгий Полтавченко ба имзо расониданд. Дар асоси санади мазкур фиристонидани муҳоҷирони менатӣ аз Душанбе ба Санкт-Петербург ба таври қонунӣ сурат гирифта, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои онҳо ҳимоя мешаванд. Дар иртибот ба ин корхонаю муассисаҳои Санкт-Петербург ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро аз пойтахти Тоҷикистон бо назардошти эҳтиёҷоташон ба роҳ мемонанд.
Хамзамон дар доираи сафари волии Санкт-Петербург ба Душанбе байни мактаби таҳсилоти умумии №92-и Душанбе ва мактаби таҳсилоти умумии №261 -и ноҳияи Кирови Санкт-Петербург Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки волии Санкт-Петербург дар ҷараёни сафараш ба Душанбе ҳамчун рамзи эҳтиром ба тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ, дар назди муҷассамаи Аскари номаълум ва «Оташи ҷовидон», воқеъ дар Боғи Ғалабаи пойтахт гулчанбар гузошта, аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон боздид намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






