Ёде аз ҳунарманди зиндаёд Зафар Нозим

Ноябрь 14, 2014 16:57

 
Душанбе, 14.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Радиои  «Фарҳанг»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шоми имрӯз бо баргузории намоиши консерт-озмуни «Пайрав» дар «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт  рӯҳи пурфутӯҳи Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Зафар Нозимро шод намояд.
          Аз Кумитаи телвизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки чорабинӣ ба ифтихори гиромидошти мактаби ҳунарии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Нозим (1940-2010) гузаронида шуда,  дар он аҳли фарҳанг, пайвандон ва дӯстдорони ҳунари асили ин ҳанарманди мардумӣ  даъват гардидаанд.
Интизор меравад, ки  дар консерт-озмуни «Пайрав»  шогирдону пайравони  ҳунарманди зиндаёд, ба мисли Аҳмадҷон Муҳаммадиев, Нуралӣ Ғуломов, Муқаддас Шайдуллоев, Давлатёр Худоёров,  Қадим Хоҷаев, Эҳсон Юсуфзода, Убайдулло Зоидов, Табаралӣ Мирзоев, Абдулвоҳид Саидвоҳидов,  Шералӣ Нағзалиев ва дигарон ширкат намуда, бо суруду таронаҳои дилнишин ба ин маҳфил шукӯҳ бахшанд.
           Бояд зикр кард, ки ҳунарманди мардумӣ Зафар Нозим, ки дар ташаккули санъати овозхонии тоҷик нақши муассир гузошта ва мақоми шоиста касб кардааст, 74 сол муқаддам, аниқтараш 2 июни соли 1940 дар Ҳоити Раштонзамин чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Солҳои 60-уми қарни 20 Зафар Нозим бори нахуст вориди саҳнаи тоҷик гардида, бо суруду таронаҳои дилнишини худ қалби  ҳазорҳо мухлисонашро тасхир намуда буд. Сурудҳои ҳофизи мардумӣ, назири  «Модар», «Эй сорбон», «Гулдаста»,  «Эй сарвари ман», «То боздид эй офтоб» бо гузашти беш аз ним аср арзиши худро аз даст надодаанд.
    Роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳофизи мардумиро дар ташаккули санъати тоҷик қадр намуда, ӯро бо унвони  Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарманди  мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Ситораи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ,  Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва нишони «Барои меҳнати шуҷоатмандона» сарфароз намудаанд.
Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Нозим моҳи августи соли 2010 баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 70 ҷаҳонро тарк намуд.
 

Ноябрь 14, 2014 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд