Зафаробод-ноҳияи пешсаф
Душанбе, 13.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд муташаккилона идома дорад.
То имрӯз аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ба нуқтаҳои қабул ба миқдори 17 ҳазору 532 тонна тиллои сафед ворид гардид, ки ин нишондиҳанда мутаносибан аз ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Тибқи иттилои шуъбаи кишоварзии ноҳияи мазкур нақшаи ҷамъоварии пахта 20 ҳ. 900 тонна буда, пахтакорон азм доранд, ки нақшаро дар мавсими имсола сарбаландона иҷро намоянд, зеро дар саҳрои хоҷагиҳо ҳосили дастранҷи деҳқонон барои иҷро гардидани нақша мусоидат менамояд.
Бояд зикр намуд, ки ноҳияи Зафаробод дар вилояти Суғд яке аз ноҳияҳои пешсаф дар мавсими ҷамъоварии пахта ба шумор меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






