1 декабр-Рӯзи мубориза бо ВИЧ-СПИД

Декабрь 1, 2014 11:38

Душанбе, 01.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). —  Аз соли 1988 инҷониб 1 декабр чун Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД)  ҷашн гирифта мешавад. Мақсади он дар миқёси ҷаҳонӣ огоҳонидани одамон дар бораи ВИЧ/СПИД  ва  ҳамоиши ҳамбастагии байналмилалӣ алайҳи ин беморӣ мебошад.  То имрӯз дар ҷаҳон муолиҷае, ки пурра ин вирусро аз бадани одам рафъ кунад, кашф нашудааст. Вале муолиҷаҳои муосир имкон медиҳанд, ки хуруҷи ин сироят ва гузариши он ба СПИД паст шуда, шахси ВИЧ-сироятшуда имкон пайдо мекунад 10 сол зиндагии комил  кунад.  
СПИД — (аломати норасоии масьунияти одам) бемориест. ки онро вируси норасоии масьунияти одам — ВИЧ ба вуҷуд меорад.
ВИЧ — (вируси норасоии масьунияти одам) барангезандаи бемории СПИД мебошад. Ҳангоми ба вуҷуди одам ворид гаштани вирус на ҳама вақт нишонаҳои беморӣ дида мешаванд. Аммо он нафарон метавонанд дигаронро сироят кунанд. ВИЧ- бевосита ба ҳуҷайраҳои системаи худмуҳофизатӣ (иммунӣ)-и инсон зарар мерасонад. Вирус ҳуҷайраҳои системаи иммунии организмро хароб карда, вайро аз қобилияти таббиии худмуҳофизат маҳрум месозад. 
Хуни инсон аз заррачаҳои сафеди хун (лейкоситҳо) ва заррачаҳои сурхи хун (эритроситҳо) иборат мебошад. Лейкоситҳо ба системаи иммунӣ тааллуқ дошта, организми инсонро аз микроб, вирусҳои касалиовар муҳофизат мекунанд, вале вируси норасоии масьунияти одам бевосита ба таркиби лейкоситҳо ва лимфоситҳо ворид гашта, онҳоро нобуд месозад. Аз ҳамин сабаб  системаи худмуҳофизати одам суст мегардад. Ҳар  қадаре. ки вируси ВИЧ лейкоситҳоро зиёд нобуд кунад, ҳамон қадар системаи иммунии инсон хароб мегардад.
Суcт ва хароб гаштани иммунитети инсон боиси авҷ гирифтани ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда шуда метавонад. СПИД- ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. 
Ба ВИЧ, занҳо, мардҳо ва кӯдакон гирифтор шуда метавонанд. Барои ВИЧ-СПИД синну сол ва миллат вучуд надорад. Одамоне, ки ба вируси ВИЧ дучор шудаанд, дар давоми чандин сол худро тамоман солим ҳис мекунанд. Вале худи ин одам барои атрофиёнаш хатарнок аст ва метавонад бемориро паҳн кунад. Аз сироятшавӣ то пайдо шудани аломат ва нишонаҳои клиникӣ аз 1 то 5 ва 10 сол гузаштанаш мумкин аст. Роҳҳои гирифторшавӣ  ба бемории СПИД асосан 3-то мебошанд. Яъне, ҳангоми алоқаи ҷинсӣ  бо шахсоне. ки гирифтори вируси ин беморӣ мебошанд, ҳангоми хунгузаронӣ ба воситаи хуне. ки дар таркибаш вируси СПИД вуҷуд дорад ва ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои тамъизнашуда, бо ин роҳ бештар нашъамандон гирифтор мешаванд ва аз модари дорандаи ин вирус ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва маконидани навзод мегузарад.
Бояд гуфт, ки ВИЧ-СПИД ба воситаи асбобҳои рӯзгор, ба воситаи нафаскашӣ, сулфидан, ба оғӯш гирифтану бӯсидан ва ғайра намегузарад.
Аввалин маротиба ҳолати сироятшавӣ ба ВИЧ соли 1981 ба қайд гирифта шуд. Дар соли 2013 дар ҷаҳон шумораи шахсоне, ки бо ин вирус зиндагӣ доранд, 35 миллион нафарро ташкил дод. Бино ба иттилои ЮНЭЙДС (Барномаи муттаҳидаи СММ оид ба ВИЧ/СПИД))- аз рӯзи аввали паҳншавии вабои ВИЧ (1981) дар ҷаҳон қариб 78 миллион нафар аз ин вирус осеб дида, қариб 39 миллион нафар аз касалиҳои вобаста ба ин сироят фавтидааст.  
Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз соли 1991 то 1 октябри соли 2014 дар Тоҷикистон расман 6309 ҳолати сирояти ВИЧ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра аз бемориҳои марбут ба ВИЧ 1146 нафар ҳалок гашт.  Дар моҳҳои январ- сентябри соли 2014 дар ҷумҳурӣ  759 ҳолати нави ВИЧ ошкор гардид, ки аз он 348 нафар зан ва 411 нафар мард мебошад. 
Имрӯз, 1 декабр миллионҳо нафар одамон дар рӯи ҷаҳон бандаки сурх мебанданд. Бандаки сурх  яке аз рамзҳои дастгирии ҳаматарафаи шахсоне, ки гирифтори ВИЧ шудаанд, мебошад.  
Барномаи муттаҳидаи СММ  таклиф намуд, ки Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи СПИД дар соли 2014 бо шиори «Кӯтоҳ кардани фосила» ҷашн гирифта шавад.  Мафҳуми ин шиор кам кардани фосила барои ҳамаи одамони рӯи ҷаҳон барои хизматрасонӣ дар пешгирӣ, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ ҳангоми ВИЧ мебошад, то дар соли 2030 ин  вабо пурра дар ҷаҳон нобуд шавад. 
Имрӯз, 1 декабр дар Тоҷикистон низ бандаки сурх баста, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат кормандони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии ВИЧ якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалӣ  барои аҳолӣ чорабиниҳои гуногуни иттилоотию таълимӣ ташкил менамоянд.   
Дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи СПИД дар мамлакат аз 24 то 29 апрели соли равон ҳафтаи дуввуми  тестгузаронӣ барои ВИЧ (ҳафтаи аввал соли 2013 ) гузаронида шуд. Мақсади ин чорабинӣ бештар намудани шумораи нафароне, ки ВИЧ мақомашонро медонанд ва кам кардани ҳолатҳои ташхиси дери ин инфексия мебошад.  Ҳафтаи тестгузаронӣ барои ВИЧ инчунин дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Данғара, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Панҷакент ва Хуҷанд гузаронида шуд. 
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД Сафархон Сатторов иттилоъ дод, дар ин шаҳрҳо  кормандони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии ВИЧ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дӯконҳои иттилоотию мобилӣ кушодаанд, ки дар онҳо ҳамаи хоҳишмандон метавонанд маслиҳат гирифта, барои ВИЧ тест супоранд ва инчунин маводи чопии  иттилоотиро дастрас намоянд. 
Чунин дӯконҳои иттилоотию мобилӣ инчунин пас аз 1 декабр низ фаъолият карда, тестгузарониро барои ВИЧ идома медиҳанд. 
 

Декабрь 1, 2014 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд