11 миллион сомонӣ эмин дошта шуд
Панҷакент, 26.12.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дар соли 2014 дар миқёси шаҳри Панҷакент 21 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад кам мебошад. Дар ин бора сардори Хадамоти оташнишонии шаҳри Панҷакент Бӯрибой Бӯриев зимни як ҷаласа дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ дод. Ӯ инчунин афзуд, ки дар натиҷаи корҳои фаврии кормандони хадамот амволи корхонаву муассиса ва хонаҳои истикоматии шаҳрвандон ба микдори 11 миллион сомонӣ эмин дошта шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






