Ғолибияти варзишгарони тоҷик дар Гонконг
Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Гӯштингирони тоҷик дар ҳаштумин мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон (кадетҳо) дар Гонконг баргузор гардид, ду медал — як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқа Тоҷикистонро шаш гӯштингири наврас намояндагӣ карданд. Темур Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кг бар Ҳунг Йеҳ Ҳуанг аз Тайван ва Бат-Эрдене Батсуурӣ аз Муғулистон ғолиб омада, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Го Ҳаишимаи ҷопонӣ мағлуб шуд. Темур барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт. Паҳлавони дигари тоҷик Ҳоҷимас Раҳмонов дар вазни то 90 кг баъди ду пирӯзӣ бар Ерлан Талант уулу (Қирғизистон) ва Деепак (Ҳиндустон), аз Урол Хусанови ӯзбекистонӣ шикаст хӯрд. Баъдан Раҳмонов барои ҷойи севум бар Раҳимбек Ашикбаев (Қазоқистон) ғолиб шуд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки танҳо аз ҳисоби писарон ташкил ёфта буд, бо 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми 10-умро касб кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






