Қаҳҳор Маҳкамов бо медали АБ ИДМ сарфароз гардид
Душанбе, 01.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербури Русия дар кори ҷаласаи чилуякуми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ иштирок намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои таъмини ҳуқуқии рушди фазои умумии сайёҳӣ, Конвенсия оид ба ҳамкории байниминтақавии давлатҳои ИДМ, инчунин лоиҳаҳои як зумра қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳои аз ҷониби комиссияҳои доимии ассамблея таҳияшуда мавриди баррасӣ ва ҷонибдорӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев чанд узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қурбон Убайдулло Абдулло, Абдуллозода Иброҳим ва Қаҳҳор Маҳкамов барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар таҳкими робита ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо медали Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ «Барои таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ» сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






