Қабули аснод доир ба лоиҳаи хатти барқи баландшиддати КАСА-1000
Душанбе, 05.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар шаҳри Истанбули Туркия дар ҷаласаи Шўрои байниҳукуматӣ оид ба анҷом расонидани ҷараёни омодагӣ барои имзои созишнома дар хусуси хариду фурӯши барқ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки намояндагони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Покистон ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва тараққиёт ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ баргузор гардид, доир ба хариду фурӯши барқ дар минтақа дар доираи лоиҳаи хатти барқи баландшиддати КАСА-1000 мувофиқа ҳосил гардида, асноди зарурӣ ба имзо расид. Бо назардошти мувофиқаҳои ҳосилгардида имзои созишнома дар бораи хариду фурӯши барқ ва гузаронидани тендер дар аввалҳои соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






