Қаллобӣ ба маблағи 600 000 доллар
Душанбе, 19.12.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ муайян шуд, ки шаҳрвандон Шамсиев Алишер Абдумутолибович, соли таваллудаш 1965 ва Шамсиев Парвиз Алишерович, соли таваллудаш 1992, сокинони кӯчаи Шамсии пойтахт бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба мардумфиребӣ машғул будаанд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, онҳо дар давоми солҳои 2010-2013-ум бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Саймуддинов Музаффар Муҳриддинович, соли таваллудаш 1965, сокини кӯчаи Самарқанди ноҳияи .И.Сомонӣ даромада, аз ӯ 600 000 доллари амрикоиро гирифта, ваъда додаанд, ки бар ивазаш ба номи ӯ суратҳисоб кушода медиҳанд, аммо ваъдаашонро то ҳол иҷро накардаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






