Қарзҳои бефоиз барои тоҷирони зарардида
Хуҷанд, 20.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Бахши суғдии Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ чанд тан аз зарардидагони сӯхтори марказҳои савдои Хуҷандшаҳрро бо маблағҳои пулӣ дастгирӣ намуд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари бахши суғдии Кумитаи Имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фирдавс Ашӯрматов иттилоъ дод, дирӯз дар бинои бахши суғдии кумитаи мазкур баҳри дастгирии соҳибкорони зарардидаи марказҳои савдои “Баҳор” ва “Сино” кумаки молиявӣ чун қарзи бефоиз ба муҳлати ду сол ба 20 нафар зарардидаи офати сӯхтор, ба ҳар кадоме ба маблағи 4000 сомонӣ супорида шуд.
Ба гуфти манбаъ, ғайри ин инчунин ба 2 нафар зане, ки бо дӯзандагӣ машғул аст ва бар асари сӯхтори ба вуқӯъ омада дастгоҳҳои дӯзандагиашон хароб гаштааст, мошинаҳои дарздӯзии замонавӣ тақдим шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






