Қурби доллари амрикоӣ боз боло рафт

Декабрь 12, 2014 16:28

Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Қурби доллари амрикоӣ андаке баланд ва қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд.
Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар давоми ҳафта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА андаке баланд шуда, ба ҳисоби миёна то 5,4490-5,4680 сомонӣ расид. 
     Дар ин рӯзҳо қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан 1004-1015 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,5800-6,6050 сомонӣ ба як евро баробар шуданд. 
     Имрӯз, 12 декабр қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,4740-5,4950 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,4800-5,5000 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 5,4500-5,4700 сомониро ташкил дод. 
 
 
 

Декабрь 12, 2014 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд