Ҳаҷми қарздиҳӣ дар кишвар афзуд
Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи 11 моҳи соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар ҳудуди Тоҷикистон 9 миллиарду 370 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 25,8 фоиз зиёд аст. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз ҷумлаи ин маблағ 54,9 фоиз (5 миллиарду 100 миллион сомонӣ) – и онро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 45,1 фоиз (4 миллиарду 200 миллион сомонӣ) — ро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.Тайи 11 моҳи соли равон фисади миёнаи қарзҳо ба ҳисоби асъори миллӣ 24,70 фоиз ва ба ҳисоби асъори хориҷӣ 23,32 фоизи солонаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 0,71 фоиз ё 0,39 фоиз камтар аст.Назар ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар баъзе минтақаҳои кӯҳсори кишвар ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 баробари 27,4 фоиз зиёд аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






