Ҳадаф — пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ

Декабрь 8, 2014 16:50

 
Душанбе, 8.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-5 декабри соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон устодону донишҷӯён бо намояндагони мақомоти қудратӣ вохӯрӣ анҷом доданд. 
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар вохӯрӣ Давлат Назаров, муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия ва Раҳим Хоҷаев, муовини сардори раёсати молия ва иқтисоди ВКД, подполковники милитсия  сухан гуфтанд. 
Ҳадаф вохӯрии мазкур  пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва андешидани тадбирҳо оид ба бартараф намудани омилҳои ба он мусоидаткунанда дар ҷомеа мебошад, иброз дошт ректори донишкада Ашурбой Солиев. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки оромиву суботи ҷомеа аз заҳмати шабонарӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус кормандони Вазорати корҳои дохилӣ вобастагии калон дорад. 
Давлат Назаров иброз дошт, ки мутаассифона, новобаста ба чорабиниҳои пешгирикунанда ва корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон сол аз сол зиёд мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи 10 моҳи сипаригардидаи соли 2014 аз тарафи ҷавонон 4229 ҳолати содир гардидани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 253 адад ё ки 6,3 % зиёд аст ва аз ин шумора 61 ҷиноят аз тарафи донишҷӯёни макотиби олии кишвар содир гардидааст, ки ин рақамҳо нигаронкунандаанд. 
Ректори донишкада ба намояндагони ВКД барои ҳамкорӣ, иштирок ва тавзеҳоти мушаххас изҳори сипос намуда, афзуд, ки бо назардошти маълумоти омории қайдгардида, кураторонро лозим аст, ки дар тарбияи дурусти мутахассисони соҳа ва тавзеҳоти ин факту рақамҳо дар соатҳои тарбиявӣ бо масъулияти баланд ва виҷдони пок амал ва донишҷӯёнро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. 
 
 
 
 

Декабрь 8, 2014 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид