Ҳамадонӣ: таъсиси марказҳои касбомӯзӣ барои занон
Ҳамадонӣ, 1.12.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо мақсади ҷалби бештари занону духтарон ба касбомӯзӣ ва таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия дар маркази ҷамоатҳо ва маркази шаҳрак курсҳои дӯзандагиро фаъол карданд. Ҳоло дар курси дӯзандагии маркази шаҳрак 60 нафар зану духтар соҳибкасб гардида, 20 нафари дигар касбомӯзиро идома дода истодааст. Дар ноҳияи мазкур шуруъ аз моҳи сентябр озмуни «Гулпарвари беҳтарин» ва «Тарроҳи беҳтарин» эълон гардид, ки беш аз 80 нафар зану духтар дар он иштирок намуд. Дар ҷамъбаст гулпарвар ва тарроҳи беҳтарин муайян шуд, ки маҳсули ҳунари онҳо дар намошгоҳи хосса ба маъраз гузошта шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо бахши занон ва оила, бахши дин ва бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳрак бо фаъолзанон вохӯриҳо доир менамоянд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






