Ҳамкории дуҷониба рушд меёбад
Душанбе, 08.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Перуҷии Италиё Ҷорҷио Менкарони мулоқот анҷом дод.
Назар ба иттилои ПСС ҶТ, ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Шариф Саид зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2003 байни ПСС ҶТ ва Институти миллии савдои хориҷии Италиё муносибатҳои зич барқарор шуда буданд. 13 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани ҳамоиши аҳли тиҷорати Италиё ва Тоҷикистон воқеаи муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Италиё гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика ва истихроҷи маъданро баррасӣ намуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






