Ҳамкории пурсамар миёни китобхонаҳои Тоҷикистону Корея

Декабрь 25, 2014 11:15

Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз кордори Сафорати  Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ен Ҷон Гу ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо директори китобхона Сайфиддин Назарзода мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд,  зимни суҳбат Ен Ҷон Гу иброз дошт, ки минбаъд миёни китобхонаҳои гуногуни Корея ва китобхонаҳои Тоҷикистон  ҳамкории пурсамар ба роҳ монда мешавад. Сафири ҷумҳурии Корея Ен Ҷон Гу омодагии хешро доир ба дастгирии лоиҳаву пешниҳодҳои мукаммал изҳор дошта, таъкид бар он намуд, ки курсҳои  омӯзишӣ барои кормандони китобхона таъсис медиҳад.
            Инчунин мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дуглас Ҷон Том низ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо директори китобхона Сайфиддин Назарзода мулоқоти судманд анҷом дод. Зимни мулоқоти хеш Дуглас Ҷон Том изҳор намуд, ки минбаъд ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ байни Китобхонаи Конгресси Амрико ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шаванд.
           Сайфиддин Назарзода аз ин таклифҳои судманд қаноатманд гардида, омодагии хешро барои мусоидат ва пиёда сохтани ин тадбирҳо изҳор дошт.

Декабрь 25, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!