Ҳамоиш доир ба саноати туризм-2014
Душанбе, 10.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- 15-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир ба саноати туризм-2014 доир мегардад. Дар ҳамоиши имсолаи саноати сайёҳӣ намояндагони тақрибан 100 муассисаи соҳаи сайёҳӣ аз саросари Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Hayatt Regency»-и Душанбе ҷамъ меоянд. Дар чорабинии мазкур, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон (ТАТО) ташкил мешавад, ба бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ имконият дода мешавад, то дар шабака фаъолият намояд ва ба онҳо доир ба масъалаву мавзӯъҳои баррасишаванда дар бахши давлатӣ ва байни созмонҳои байналмилалӣ маълумоти тоза пешниҳод мешавад.
Ҳамоиш доир ба саноати сайёҳӣ ҳамчунин ҳадаф дорад минбареро барои дастрас намудани маълумот доир ба чигунагии Созмони миллии тахассусӣ доир ба сайёҳӣ (СМС), чӣ тавр фаъолият кардани он, бо кадом роҳ маблағгузорӣ намудан ва натиҷабахш будани он пешкаш намояд. Он бахусус мақсад дорад, ки нақши бахши хусусиро дар таъсис ва фаъолияти СМС возеҳ намояд ва дар фаҳмидани он, ки бахши хусусии соҳаи туризм аз мавҷудияти СМС чӣ фоида ба даст меорад, кумак кунад.
Сухангӯён аз созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва инчунин аз муассисаҳои хусусии соҳаи сайёҳӣ таҷрибаҳои худро оид ба фаъолиятҳояшон дар робита бо туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодул намуда, таъкид ба он хоҳад рафт, ки чӣ тавр рӯҳияи соҳибкорӣ ва эҷодкорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳмгузор аст. Тамаркузи хосса ба интизориҳо дар мавриди таъсиси Созмони миллии сайёҳӣ (СМС) равона хоҳад шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






