«Ҳазрати Султон Боҳу ва Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ» — ҳамоиш
Душанбе, 17.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар шаҳри Исломободи ҷумҳурии Покистон ҳамоиши илмии байналмиллӣ зери унвони «Ҳазрати Султон Боҳу ва Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ» баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар ҳамоиши илмии байналмиллалӣ мудири кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои филологӣ, дотсент Нуралӣ Нуров иштирок намуда, дар мавзӯи «Ҳазрати Султон Боҳу шореҳи афкори ирфонии Мавлоно» сухан гуфт.
Гуфта мешавад, ки ҳамоиши илмии байналамилалӣ бо ҳузури пажӯҳишгарон ва намояндагони дипломатии кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор шуда, ҳамзамон дар ҷаласаи ифтитоҳии он сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов сухан кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






