Ҳидоят ба роҳи нек
Кӯлоб, 27.12.2014.( АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов, раиси бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Зоирзода Маърифат ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо аҳли ҷамоат мулоқот баргузор гардид. Дар маҷлис атрофи масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро, Қонуни Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» суҳбат ороста шуд.
Аз ҷамъомадагон даъват шуд, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия карда, ба арзишҳои бузурги миллӣ арҷ гузоранд, дини мубини исломро барои тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон истифода бурда, аз гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои тундрав пешгирӣ намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






