Ҳифзи ёдгориҳои водии Вахон
Хоруғ, 31.12.2014. (АМИТ «Ховар», Файзи Мирҳасан ).- Солҳои охир барои ҳифзи ёдгориҳои водии Вахони ноҳияи Ишкошим таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Дар ин амр баробари шахсони салоҳиятдор сокинони водӣ низ иштирок менамоянд. Водии Вахонро ба таври ҳаққонӣ осорхонаи табий қаламдод мекунанд. Қалъаҳои қадимӣ, зиёратгоҳҳои аҳли дини дорои таърихи чандинасра имрӯз ҳам диққати на фақат сокинони маҳаллӣ, балки сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб мекунанд. Теъдоди сайёҳон дар ин ҷо сол аз сол меафзояд. Қалъаи Ямчун, ки ҳанӯз дар асрҳои дуюм ва сеюми милодӣ бунёд шуда буд, яке аз ёдгориҳои қадимтарини кишвар ба шумор меравад. Имрӯз қалъаи мазкур ба тармиму навсозӣ зарурат дорад. Мазори Шоҳқамбари офтобӣ боз як ёдгории таърихист, ки сокинони маҳаллӣ онро эҳтиёт ва ҳифз менамоянд.Бисёр анъаноти ин диёр аз замони пеш аз исломӣ сарчашма гирифта, биноан диққати шумораи зиёди сайёҳонро ба водии Вахон ҷалб менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






