ҲМБС ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд
Душанбе, 01.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Фаъолияти ҳайати Маркази байналмилалии савдо ҷиҳати арзёбии фаъолияти ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон бо рӯи кор овардани семинари намояндагони саноати нассоҷию дӯзандагии кишвар анҷом ёфт.
Тавре ки аз Маркази байналмилалии савдо хабар доданд, сафари ҳайат дар ҳошияи лоиҳаи ҲМБС ҷиҳати таҳкими рақобатпазирии содироти корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷию дӯзандагӣ ва густариши қобилияти ниҳодҳои ҳомии тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда буд. Лоиҳаи мазкурро котиботи давлатии оид ба масоили иқтисодии Швейтсария маблағгузорӣ менамояд.
Мушовири байналмилалии Маркази байналмиллалии савдо дар бахши нассоҷӣ ва мушовири калони ширкати «Роҷеш Бҳеда Консалинг» — и Ҳиндустон Муниш Тяги аз 19 то 28 ноябр дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар вилоятҳои Хатлону Суғд аз беш аз 10 ширкати нассоҷии Тоҷикистон боздид намуд. Барномаи мазкур қисмати чоруми барномаи ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат дар Тоҷикистон ба шумор рафта, мақсад аз он баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаҳои нассоҷию дӯзандагӣ мебошад.
Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа ҳамчунин масоилу имконоти рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон омӯхта мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






