Ҳуқуқҳои намояндагони ВАО дар давраи интихобот

Декабрь 18, 2014 11:50

Душанбе, 18.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар асоси санадҳои қонунгузории марбут ба интихобот намояндагони васоити ахбори оммаи /ВАО/ кишвар ҳуқуқ доранд, ки дар ҷаласаҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ /КМИР/, комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон /ВМКБ/, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо, иштирок намуда, фаъолияти онҳоро дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ инъкос намоянд. Инчунин намояндагони ВАО ҳуқуқ доранд бо аҳзоби сиёсӣ, ки дар интихобот ширкат менамоянд, инчунин номзадҳо ба узвияти Маҷлиси миллӣ, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ВМКБ , вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо робита дошта бошанд. Намояндагони ВАО имкон доранд, ки дар маъракаҳои оммавии таблиғотӣ иштирок намуда, ҷараёни гузаронидани онҳоро дар матбуот инъикос намоянд. Қонунгузорӣ ҳамзамон ба намояндагони ВАО ҳуқуқ додааст, ки дар дар участкаҳои интихоботӣ, бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳои интихобкунандагон, муқаррар намудани натиҷаҳои овоздиҳӣ ва интихобот ҳузур дошта бошанд, инчунин бо натиҷаи баррасии арзу шикоятҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузории интихобот шинос гарданд. Ҳамзамон ба намояндагони комиссияҳои интихоботӣ, бидуни дахолат ба кори онҳо, оид ба мушоҳидаҳои худ иттилоъ дода, баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ ақидаи худро ҷиҳати омодагӣ ва баргузории интихобот ошкоро баён намоянд. Намояндагони ВАО инчунин метавонанд хулосаи худро доир ба ҷараёни интихобот ва КМИР пешниҳод созанд.

Декабрь 18, 2014 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!