Ҳушдори Барак Обама ба Кореяи Шимолӣ

Декабрь 22, 2014 17:23

 
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-  Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии  Ассошиэйтедпресс Президенти ҷумҳурии Амрико Барак  Обама ҳафтаи равон  дар як нишасти матбуотӣ  бо ишора ба ҳукумати Кореяи Шимолӣ ҳушдор додааст, ки Амрико ба иқдоми онҳо «ба шевае, ки худ интихоб мекунад ва дар макон ва замони муносиб» посух хоҳад дод.
      Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои шабакаи интернетии  BelaPAN-и Беларус чанд сомонаи хабарии мустақил дар кишвари Беларус баста шуд. Гуфта мешавад, ки ҳукумати Беларус қарори наве ба имзо расонид, ки аз ин рӯз тасмим гирифтааст тамоми хабарҳои нашршуда зери  назорати ҳукумат гирифта шавад. Гуфта мешавад, ки  қонуни нави дигаре ба имзо расонида шуд, ки агар ҳар сомонаи хабарӣ дар давоми сол ду бор барои муҳтавои маводи чопкардааш огаҳӣ гирифта бошад, давлат метавонад онро бандад. Қонун  баъд  аз якуми январи соли 2015 эътибор пайдо мекунад.
       Душанбе,22.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Покистон Чоудри Нисор Алихон мегӯяд,  500 нафар зиндониёне, ки барои ширкат дар аъмоли террористӣ дар зиндон қарор доранд, дар давоми ду-се ҳафтаи оянда эъдом хоҳанд шуд. Ӯ зикр намуд, ки афви онҳо аз тарафи раисиҷумҳур рад шудааст ва онҳо қатл хоҳанд шуд. 
        Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз бар асари садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кочамбамбаи Боливия 10 нафар ба ҳалокат расида, 26 каси дигар ҷароҳат бардошт. Мувофиқи маълумоти расида,  мошини боркаш, ки одамонро интиқол медод, аз баландии 30 метр ба ҷарӣ сарозер гардидааст. Кормандони соҳаи тибб вазъи саломатии осебдидагонро вазнин арзёбӣ менамоянд.
      Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар вилояти Кунари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон миёни неруҳои қудратии мамлакат ва гурӯҳи силоҳбадаст даргирии шадид сурат гирифт. Дар пайи бархӯрди мусаллаҳона 17 силоҳбадаст маҳв шуда, 6 тани дигар захми гуногун  бардошт. Гуфта мешавад, ки дар  минтақаҳои дигари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақсади нобуд кардани силоҳбадастон амалиёти густурдаи неруҳои қудратӣ то ҳол идома дорад.
 

Декабрь 22, 2014 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!