Ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати ВКД дар ВМКБ

Декабрь 3, 2014 14:50

Душанбе, 03.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ҷузъу томҳои раёсат дар 11 моҳи соли 2014 ҷаласа баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати мазкур ва ҷузъу томҳои он дар давраи ҳисоботӣ сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ полковники милитсия А. Искандаров сухан гуфт.
Масъалаҳои ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, пешгирии нашъамандӣ байни ҷавонон ва мубтало гаштан ба вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ-СПИД), оид ба сари вақт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор, беҳтар намудани фаъолияти оташнишонон, дар бозорҳо ташкил намудани қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи сӯхторхомӯшкунӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, оид ба амалияи маъмурӣ дар самти фаъолияти  хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, таҳқиқ, бозрасии давлатии автомобилӣ, аз ҷумла қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳо ва мошинҳои сиёҳшиша баррасӣ гардиданд.
Моҳи декабр дар миқёси вилоят ҳамчун моҳи амалияи маъмурӣ эълон шуда, супориш дода шуд, ки фаъолият дар ин самт беҳтар  шавад. Самти ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, бахусус ҷиноятҳои куштор дар ҷаласа таъкид гардида, ҳамзамон  ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба худкушӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1994 “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардид, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, дар ин самт аз тарафи масъулини соҳа дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷамоат корҳо беҳтар ба роҳ монда шаванд.
Аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба сардори Раёсати номбурда  Абдулваҳҳоб Искандаров дастур дода шуд, ки фаъолияти шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар миқёси вилоят санҷида шуда, барои рафъи камбудиҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Декабрь 3, 2014 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад