Ҷаласаи сайёр бо иштироки Махфират Хидирзода
Душанбе, 22.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар ҷаласаи сайёр баргузор шуд.
Дар ҷаласаи сайёр муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшҳои кор бо занон ва оила, маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар аз баргузории чунин ҷаласаҳои сайёр, ки аз 15-уми декабри соли равон идома дорад, аз мақсаду маром ва ҳадафи асосии он ибрози назар намуд. Аз ҷумла, мавсуф дар бораи дастгирии занон, тақвият бахшидани ҳунарҳои миллӣ, тарбияву таълими ҷавондухтарон, дар сатҳи ҷумҳурӣ бештар комёб гардидани занони ҳунарманди вилоят бо грантҳои Президенти мамлакат, раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин оид ба муаммоҳои ҷомеа андешаҳои худро иброз дошт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






