Ҷамъомади идона дар гимназияи №1
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Куҳантарин мактаби шаҳри Хуҷанд, ки дар он академикон Бобоҷон Ғафуров, Солеҳ Раҷабов, котиби якуми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, профессорон Муҳаммадхоҷа Бобохоҷаев, Кибриё Ҳасанова ва дигарон таҳсил намудаанд, 90 сола шуд.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ба муносибати 90-солагии яке аз мактабҳои аввалини вилояти Суғд, гимназияи № 1 — и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҷамъомади идона доир гардид.
Шаҳрдори Хуҷанд дар ҷамъомади идона иттилоъ дод, ки дар соли 2015 барои бунёди толори варзишии ин боргоҳи илму маърифат 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст ва толори варзишӣ то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






