Ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон дар Русия

Декабрь 11, 2014 12:19

Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ибтикори корманди намояндагии Вазорати муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират Муҳамадӣ Давлатов дар шаҳри Хабаровск гурӯҳи зудамали Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург маъракаи ҷамъоварии маълумоти биометрии шаҳрвандонро ташкил намуд, ки мақсад аз он ба муҳоҷирон додани шиносномаҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин бора котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Назар ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадов, кормандони консулгарӣ дар шаҳри Благовешенски вилояти Амур аз 48 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани шиносномаҳои биометрӣ маълумоти зарурӣ ба даст оварданд. — Шароити мусоиди техникӣ имкон дод, ки дар давоми як рӯз барои дастрас шудани шиносномаҳои биометрӣ аз 400 нафар шаҳрвандон маълумоти зарурӣ ҷамъ оварда шавад, — гуфт роҳбари хадамоти консулии сафорати ҶТ дар Маскав Ашраф Гулов. Ба гуфтаи Ашраф Гулов, шаҳрвандони кишвари мо метавонанд дар консулгарии генералии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Уфа низ шиносномаҳои хориҷӣ ба даст оранд. Алҳол дар шаҳри Краснодар ду нафар кормандони ВКХ ҶТ барои додани шиносномаҳои хориҷӣ фаъолият доранд.

Декабрь 11, 2014 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад